КВД "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон"

КВД "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон" Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from КВД "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон", Structural Engineer, Улица Хусейнзода 34, Dushanbe.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 554 таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси хоҷагидорӣ амалӣ менамояд. Муассиси корхона Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхона аз шӯъба ва бахшҳои зерин иборат аст:
-шӯъбаи мониторинги нархҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таъминоти барномавӣ;
- бахши маркетинг.
- бахши умумӣ ва кадрҳо;
- шӯъбаи ташхисию-таҳлилӣ;
-бахши технологияҳои информат- сионӣ дар сохтмон ва татбиқи меъёрҳои нави харҷномавӣ;
-бахши методологӣ ва барномаҳои таълимӣ дар соҳаи нархгузорӣ;
-бахши молия ва хоҷагидорӣ;
Корхона дар асоси Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 №324 тасдиқ шудааст ва Оинномаи Корхона самтҳои афзалиятнокро дар соҳаи нархгузорӣ, саноати масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмон муайян намуда, мукаммал- гардонии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, батанзимдарории масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон, мувофиқасозии индексҳои таѓйирёбии арзиши корҳои сохтмону васлкунӣ ва ғайраро амалӣ менамояд;
Самтҳои асосии фаъолият:
-мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатии нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-мукамалсозии системаи нархгузорӣ ба харҷномаи низоми сохтмон, таҳияи меъёрҳои хароҷот ва нархҳои ягонаи шаклҳои нави сохтмон, таҷдидкунӣ, таъмиру васлкунӣ ва танзиму бакорандозии таҷҳизот ҷавобгӯи муносибатҳои бозоргонӣ;
-ташкили системаи меъёрҳои хароҷотӣ барои муайянсозии арзиши сохтмон ва корҳои таъмирӣ;
-мониторинг ва таҳлили нарх барои масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ; Вобаста ба самтҳои асосии соҳаи нархгузорӣ Корхона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳои зеринро амалӣ менамояд:
-таҳлили ҷанбаҳои нархгузори шавандаро дар сохтмон, ҳолати бозори сохтмонро дар маҷмӯъ дар минтақаҳо, шаҳрҳои алоҳида ва ҳудудҳо, арзиши масолеҳ, маснуот, конструксияҳои сохтмонӣ, иншоотҳои омодашуда ва элементҳои онҳоро мегузаронад;
-оид ба масъалаҳои арзиши масолеҳи сохтмонӣ шарҳҳо медиҳад;
-дар таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва меъёрӣ оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳои пудратӣ барои сохтмони иншоотҳо бо иштироки пудратчиёни ватанию хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
-маҷмӯаҳои минтақавӣ ва махсус- гаронидашударо оид ба нархгузорӣ дар сохтмон баррасӣ ва таҳия менамояд;
-паҳнкунии таҷрибаи муосирро ба роҳ монда, маълумотҳои нави ҳуҷҷатҳои меъёриву методии соҳаи нархгузорӣ дар сохтмонро ташкил менамояд;
-оид ба татбиқи меъёр, қоида ва ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба нархгузории соҳаи сохтмон
шарҳ ва маслиҳатҳо медиҳад;
-бақайдгирии ҳарсемоҳагии (ҳармоҳаи) сатҳи воқеии нархҳои ҷориро барои масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ дар ҳамкорӣ бо истифодаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо, таҷҳизотҳо, пудратчиёни биржаҳои минтақавӣ, мақомоти омор ва дигар ташкилотҳо мегузаронад;
-аз корхонаҳои асосии истеҳсолӣ, ҳисоботҳои омориро талаб менамояд;
-махзани иттилоотии маълумотҳоро, ки ҳуҷҷатҳои дастуриро оид ба нархгузорӣ дар сохтмон дарбар мегиранд, ташкил медиҳад;
-меъёрҳои хароҷоти компютеризат- сиякунонидашударо барои муайян намудани арзиши сохтмони иншоотҳо ташкил мекунад;
-тадқиқотҳои маркетингӣ мегузаронад, хизматрасониҳои амалиро оид ба пешбурди таҳиясозӣ дар самти нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон анҷом медиҳад;
-фаъолияти рекламавӣ-нашриётиро ба манфияти корхона анҷом медиҳад;
-таҳлили ҳуҷҷатҳои харҷномавии лоиҳаҳои сохтмон, модернизатсия, азнавсозӣ, сохтмони асосии бинову иншоотҳоро таҳия менамояд;
-ташкил намудани омӯзиши иловагӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони корхона.

Address

Улица Хусейнзода 34
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when КВД "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share